• 1.jpeg
  • slide1.png
  • slide2.png
  • slide3.png
  • slide4.png
  • slide5.png
  • slide6.png
  • slide7.png
  • slide8.png
  • slide9.jpg
  • slide10.jpg
  • slide11.jpg
  • slide12.jpg
  • slide13.JPG

  

Мӯҳтарам истифодабарандагони сомона,

Яке аз самтҳои фаъолияти Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣоид ба рушди устувор таҳия намудани низоми иттилоотии таъмин бо маълумотҳои экологӣдар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба шумор меравад. Бо ин мақсад аз соли 2009 филиал корҳоро оиди азнавкунӣ, нашр ва паҳн намудани манбаи электронии маълумотҳоро (МЭМ) дар ин соҳаи фаъолият идома дода истодааст, ки мо бовари дорем, ки маълумоти дахлдор саривақт пешниҳод карда мешавад.

Барои ба истифодабарандагон қулай шудани сомона, бо пахш намудани пайванди «Сархати хабарҳо», Шумо метавонед оид ба лоиҳаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, маърӯзаҳо, тафсиру хулосаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазорату идораҳои соҳавӣва ташкилотҳои байналмилалӣомода ва қабул гардидаанд, иттилоот пайдо намоед. 

Қайд намудан зарур аст, ки ҳуҷҷатҳо дар сомонаи мо дар шакли PDF ва doc word қарор доранд. Ҳангоми боз кардани ҳуҷҷати шакли PDF, ҳуҷҷати дахлдор дар саҳифаи мазкур пайдо мегардад, агар дар шакли doc word бошад, ҳуҷҷати мазкур дар тарафи чапи поёни саҳифаи мазкур пайдо мегардад.

Умедворем, ки хизматрасонии иттилоотии дар сомонаи мо пешниҳодгардида, ба мутахассисон ва оммаи васеъ ҷиҳати дастрасии фаврӣ ба чунин иттилоот имконияти иловагӣ фароҳам меоварад.

 

Сархати Хабарҳо