• slide1.png
  • slide2.png
  • slide3.png
  • slide4.png
  • slide5.png
  • slide6.png
  • slide7.png
  • slide8.png

Мӯҳтарам истифодабарандагони сомона,

Яке аз самтҳои фаъолияти Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣоид ба рушди устувор таҳия намудани низоми иттилоотии таъмин бо маълумотҳои экологӣдар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба шумор меравад. Бо ин мақсад аз соли 2009 филиал корҳоро оиди азнавкунӣ, нашр ва паҳн намудани манбаи электронии маълумотҳоро (МЭМ) дар ин соҳаи фаъолият идома дода истодааст.

Боз шудани сомонаи Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатӣоид ба рушди устувор идомаи корҳо оид ба рушди низоми таъмини иттилоот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба ҳисоб рафта, мо умедворем ҳастем, ки иттилооти дахлдор саривақт азнав карда мешавад.

Барои ба истифодабарандагон қулай шудани сомона, бо пахш намудани пайванди «Сархати хабарҳо», Шумо метавонед оид ба лоиҳаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, маърӯзаҳо, тафсиру хулосаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазорату идораҳои соҳавӣва ташкилотҳои байналмилалӣомода ва қабул гардидаанд, иттилоот пайдо намоед.

Умедворем, ки хизматрасонии иттилоотии дар сомонаи мо пешниҳодгардида, ба мутахассисон ва оммаи васеъ ҷиҳати дастрасии фаврӣба чунин иттилоот имконияти иловагӣфароҳам меоварад.

 

 

                                                     ⇩

                                                                                    «Сархати хабарҳо»